Шаҳлои кулолгар

Шаҳри Кӯлоб  аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти хеш  маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар асрҳои  неолит (7-8 ҳазор сол то мелод) аҷдоди тоҷикон яке аз гушаҳои кишварамон- шаҳри Кӯлобро макони зисти худ ихтиёр карда будаанд. Қабристонҳои асри биринҷии дар доманатеппаҳои аз деҳаи Андароб  то Гулбоғ  тӯлкашида ба он далолат медиҳанд, ки 2700 сол пеш дар Кӯлоб мардуми кишоварз ва чорводор мезистанд. Дар ин сарзамин ҳунармандӣ низ ривоҷу равнақ дошта, кулолон дар чархҳои кулолгарӣ зарфҳои барои рӯзгор заруриро сохта, мавриди истифодаи мардум қарор медодаанд. Осори таърихии 2700 – солагии шаҳр дар Қалъаи Чармгарон низ дарёфт шуда, намунаҳои гуногуни ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ (матоҳои абрешимии баландсифат: парча, алоча, куртача, сузанӣ), ҳунарҳои заргарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ  аз он дахолат медиҳанд, ки сокинони шаҳр ба рушди баланди ин соҳаҳо ноил гардида буданд. Бозёфтҳои таърихӣ – этнографӣ  бозгӯи таърихи бостонӣ доштани Кӯлоб буда,  аз он далолат медиҳад,ки ҳануз аз замонҳои хеле қадим мардуми ин сарзамин   ба ҳунар ва ҳунармандӣ сару кор дошта зиндагии хешро тавассути ҳунар рангин ва осон менамуданд. Имрӯзҳо ҳунарҳои қадима аз ҷониби ворисони он ҳунармандон   дар шаклҳои нав пешкаши мардум мешаванд. Шаҳло Ҳасанова –  як зани ҳунарманди кулобиест, ки   муаррифгари санъати волои қадимаи кулолгарӣ  мебошад. Асосан кулол ва маснуоти кулолиро ба чиниҳо мансуб медонанд. Вале тоҷикон низ дар кулолгарӣ аз ҳеҷ як миллате  кам набуданд. Ҳатто дар кулолгарӣ бартарияти онҳо  мушоҳида мегашт.Куҳансолон  нақл мекунад, ки дар ҳар як деҳаи хурд   ки ҳамагӣ 30 оила мезист,  5-6  нафар ба кулолгарӣ машғул буд. Тақозои зиндагӣ  мардумро  маҷбур мекард, ки ба наққошӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ, бурёбофӣ, гилембофӣ,   оҳангарӣ , заргарӣ, табақтарошӣ,  барин ҳунарҳо машғул шаванд. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ ҳунармандонро ба ҳунар ва ҳунармандӣ боз ҳам дилгармтар намуд. Шаҳлои ҳунарманд  тавонистааст бо ҳунари зебои худ кулолгарӣ  дилҳоро  бо рушноии ҳунар муҷалло ва мунаввар намояд.  Маснуоти кулолии ӯ манзилу кошона ва ҳуҷраҳои кории  дустдорони  ҳунари кулолиро зиннат мебахшад. Маснуоти омодакардаи Шаҳло  Ҳасанова ҳатто ба хориҷиён низ тақдим шуда , марзи Тоҷикистони азизро  убур кардаанд. Маснуоти кулолӣ  аз тарафи  косибони кулолгар  аз хоки кулолӣ, ки  гили  махсус  мебошад,  ҳосил  карда мешавад. Хоки кулолӣ аз ҷойҳои алоҳида   дарёфт карда мешавад. Хоки кулолӣ дар собик давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар давлатҳои назди Балтика ва Осиёи миёна мушоҳида шуда, дорои ранги норинҷӣ   буда, ҳангоми шуридан хеле эластикӣ  аст ва аз он тамоми қолибҳои маснуоти кулолӣ ҳосил мешавад. Барои ҷилонокшавӣ  ва садои хуб баровардани кулол онро дар дараҷаи муайян пухтан зарур аст, мегуяд Шахло . -Пас аз он ки маснуотро аз чархи кулолгарӣ мегирем, онро ба оташдон, ки ҳарорати  муайянро  дорост, мегузорем. Сипас кулол пухта мешавад. Ҳар қадар ҳарорати тафдон  баланд бошад,  зарф ҳамон қадар ҷилонок ва садоноктар  мегардад. Зарфҳои  сохтаи ӯ баъди пухтан садои махсус доранд. Чунончи бузургон мегуянд: Косаи чинӣ ки садо мекунад, Худ сифати хеш аён  мекунад. Маҳсулотҳои кулолиро истеҳсол кардан мумкин,  аммо бозори  фуруши ин маҳсулотро  дарёфт кардан хеле мушкил аст , мегуяд Шаҳло Вале агар мо маҳсулоти хуб истеҳсол кунем, албатта метавонем онҳоро  ба меҳмонони хориҷиву дохилӣ  фурушем. Меҳмонони хориҷӣ  маснуотҳои дастсозро  хеле меписанданд. Аммо ба ғайр аз намоишгоҳҳо дигар ҷойи дигари фуруши ин маҳсулотҳо мавҷуд нест.  Зарур аст, ки дар атрофи   мақбараи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ , Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва деворҳои  қалъаи Кӯлоб дуконҳои хурд-хурди ҳунармандонро кушоем. То ки меҳмонон тавонанд аз ин дастовардҳои ҳунармандони кӯлобӣ  баҳравар шаванд. Ӯ аз устодони хеш Савзалӣ Шарифов, Омина Усмонова, Валимад Одинаев ифтихормандона ёд намуда, тамоми муваффақиятҳои худро аз  устодони азизи хеш   медонад. Шаҳло Ҳасанова директори мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кулоб буда,   ба ғайр аз кулолгарӣ ба рассомиву  қаламзанӣ низ машғул аст. Шогирдони омода намудаи ин мактаб  озодона дар дилхоҳ муасси саҳои санъати тасвирӣ  имтиҳони маҳоратро супорида метавонанд. Дар арафаи 2700- солагии шаҳри Кӯлоб ба ӯ супориш дода шуд,ки паспардаи  қасри фарҳангии шаҳрро ки аз нақши чакан иборат аст,   калам занад. Ӯ ин паспардаи бузургро,ки  96 метри кубӣ  аст, дар муддати 6 моҳ аз лоиҳакашӣ (эскиз) то қаламзанӣ омода карда ба чакандӯзони ширкати «Чакан» супорид.Онҳо тавонистанд ин паспардаро бо иштироки 50 нафар чакандузон  ин пешпардаи дар ҳақиқат зеборо духта дар саҳнаи Қасри фарҳанг насб намоянд. Имрӯзҳо ин паспардаи зебо зиннатбахши тамоми чорабиниҳои шаҳр мебошад . Соли 2012 бо даъвати иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон   дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз Шаҳло дар ороиши Кохи Сомон ширкат намуда аст.

                                                                                  Сулаймон Султон

Бознашр аз маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон январ 2018-№134

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code