Маъюбон ва эҳтиёҷмандон дар маркази диққат

Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»-ро дар маркази диққати хеш қарор дода, бо мақсади татбиқи қонуни мазкур дар  соли 2017 ба 30 нафар маъюбони имтиёздошта ва барҷомонда  аробачаи маъюбӣ, 15 адад  асобағал,    20 адад асо ва  2 адад роҳравак  аз ҷониби раиси шаҳр ройгон тақдим карда шуд. Дар  соли 2017  ба ин гурӯҳи нафақахурони имтиёздошта 11  адад роҳхат ба осоишгоҳи « Тосқалъа»-и ноҳияи Восеъ,  11 адад роҳхат осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб, 12 адад роҳхат ба осоишгоҳи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун, 2 адад роҳхат ба осоишгоҳи Ромит, 1 адад роҳхат ба осоишгоҳи Баҳористон, 2 адад осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», 2 адад осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва 2 адад ба осоишгоҳи «Зумрат»  таъмин карда шуд. Мавриди қайд аст, ки дар соли 2017 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» 36 нафар кӯдакони маъюби модарзод ҷиҳати табобат гирифтан ба маркази тавонбахшии Сари Хосор равон карда шуданд. Инчунин ба 139 нафар нобиноён пойафзоли замистона аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Дар давоми соли 2017 ба 13 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1,2 ва инчунин дар соли 2016 ба 85 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1,2 замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо  карда шуд. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 «Дарбораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то 30 декабри  соли 2017,  5717    оила ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шудааст, ки 18 фоизи хоҷагиҳои шаҳру дехотро ташкил менамояд. Дар ин давра аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ ба маблағи  1,5 млн   сомонӣ ба филиали №57 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и  шаҳри Кӯлоб  ворид шудааст. Аз тарафи филиали №57 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и  шаҳри Кӯлоб маблағ ба оилаҳои камбизот сари вақт дастрас гардида истодааст. Дар соли 2017 ба 672 нафар эҳтиёҷмандон ва маъюбон аз фонди захиравии раиси шаҳр кӯмаки молиявии яквақта расонида шуд. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2013,  №293 «Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» ба бахш 20 адад аризаҳо ворид гардида, мавриди омузиш ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати пардохти маблағҳо дар ҳаҷми 20 нишондиҳанда барои ҳисоботҳо тибқи банди 6 қарори болозикр ба волидайни фавтидагон ба раёсати молияи шаҳр пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин ба нафақахурони хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази роҳхатҳои истифоданашудаи солҳои 2015-2017 дар ҳаҷми 25000 сомонӣ, ки 25   нафарро ташкил медиҳанд, ба ҷубронпулиҳо таъмин гаштаанд.

Манучеҳр Асоев- мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code