Вокуниши ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба амалиёти бадкирдоронаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва гӯрӯҳи ватанфурӯшон бо сардории Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода.

 

Мо ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз бадкирдориҳои роҳбари ҲНИТ, аъзоёни гумроҳи ин ҳизб ва хизматчии ҳарбии кӯрнамак, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро чун хиёнат ба Ватан, ба модар, ба ин сарзамини бињиштосо, хиёнат ба мардуми тољик њисобида, дар руњияи ниҳоят озурдагиву хашмгинї ин номаро менависем. Ҳадафи нигоштани нома дар он аст, ки мардуми моро бори дигар мебояд таъкид кард, ки дар роҳи интихоби равияи динии худ амиқтар андеша карда, аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дар зери парчами ислом заҳри иғвову нооромӣ дар бағал, ҳазар кунанд.

Мехоҳем ёдовар шавем, ки амалиётҳои пинҳонӣ ва рушоди ин ҳизбро барои кашидани мардуми тоҷик ба вартаи ҳамдигарситезӣ ва мухолифатҳои хатарнок мушоҳида карда, мо дар мақолаҳои илмӣ, муроҷиатномаҳо ва гуфтугӯҳо тариќї садо ва симо худ борҳо таъкид карда будем, ки ҳизбҳои динӣ реша дар обҳои гандида ва ифлоси ҳангомахоҳон ва ҷангҷӯёни давлатҳои харобкор доранд ва собиқаи ин ҳизбро пеши рӯ оварда ишора доштем, ки солҳои 90 ум мардуми аз сиёсат дур фирефтаи як мушт зархаридони ҷомаи исломӣ ба бар, ба ҳилаҳои сиёсатбозони хориҷӣ гирифтор, боиси талафоти бешумори ҷониву молии миллат гашта, хатари аз байн бурдани давлати тозабунёди Тоҷикистонро ба миён оварда буданд.

Барои як шахси бинишвар пинҳон нест, ки сарварони ҲНИТ саросар зархаридони кишварҳое мебошанд, ки дини исломро василаи тиҷорат қарор дода, ҷавононро ба вартаи раҳгумӣ ва хатари марг гирифтор мекунанд. Рӯйдодҳои ҳафтаҳои сипарӣ шударо баррасӣ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасбит намуданд, ки Кабирӣ ва Назарзода барин пешсафони казоии “дину демократия”, динфурӯширо касб карда, дар хазинаи шахсии худ чӣ қадар сарват ҷамъ кардаанд; хонаҳои бошукӯҳи истиқоматӣ, корхонаҳову воситаҳои нақлиёти гаронарзиш, суратҳисобҳо дар бонкҳои давлатҳои дигар.  Чуноне  ошкор шуд, на танҳо саркардаҳои ҲНИТ ва ҳаракатҳои ифротгароӣ, балки муовинон ва хидматгузорони онҳо ба монанди Саидумар Ҳусайнӣ дар марказҳое, ки ситоди ҳизби бародари онҳо – Ихвон – ул – муслимин ҷойгир аст, аз ҷумла дар шаҳри Қоҳира бо нишонии  шаҳраки Наср, маҳалаи 7-ум, кӯчаи Ҳофиз Бадавӣ, иморати 21 хонаи 4 манзили истиқоматии шахсӣ дорад. Ӯ ин хонаро бо маблағи беш аз 50 000 доллар ва хонаи дар Туркия доштаашро бештар аз ин маблағ харидааст ва чуноне писаронаш Абдулло Умарӣ ва Ҳисайнов Тоҳир изҳор доштаанд, он маблағҳоро ҳизби “Ихвон – ул – муслимин” ба Саидумар Ҳусайнӣ туҳфа карда будааст. Аз далелҳои боло хулоса бароварда метавон, ки Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш кишварҳоеро барои дарёфти манзили эҳтиётӣ ва суратҳисоби бонкӣ интихоб кардаанд, ки лонаи иртиҷоъи Ховари Миёна ва маркази пантуркизми ҷаҳонӣ дар ниқоби исломӣ  мебошанд. Он бадкирдорон ба пуррагӣ дарк мекунанд, ки паёмади муқовиматҳои онҳо ба даргириҳои мудҳиш оварда, хонаи тоҷик валангор ва занону кӯдакону модаронаш дарбадар дар кишварҳои дигар паноҳанда будан аст. Аммо барои чунин баднафсони сиёсатбоз мафҳумҳои Ватан, Миллат, Оромиву Осудагии мардум, обрӯ ва дигар муқаддасот арзише надорад, зеро бо ҳар гуна роҳҳои ноҷавонмардона, хиёнат ба Ватан ва содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш онҳо мехостанд ҳокимияти конститутсиониро ғасб намоянд.

Мо аз тарафи Суди Олӣ қатъ намудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамчун ташкилоти ифротгароии (экстремистӣ) террористӣ донистани онро дуруст шуморида, аз ҷониби гурӯҳҳои исломии силоҳбадаст ноором кардани вазъи иҷтимоиву сиёсии кишварамонро қатъиян маҳкум менамоем.

Мардумони андешаманд аз расонаҳои хабарии мамлакат ва ҷаҳон огоҳанд, ки чӣ гуна дар давлатҳои арабии Ироқ, Миср, Сурия, Ливия, Яман, Афғонистон, Покистон ҳаракатҳои иртиҷоъии исломӣ мардумро бар зидди ҳамдигар барангехта, боиси ҳар рӯз кушта шудани садҳо нафар одамон мегарданд.

Мо аз он қаноатмандем, ки дар байни омӯзгорон, устодон ва шогирдони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ягон шахси ба ҷараёнҳои ифротӣ шомил ва пайрави бовариҳои зиддидавлатӣ нест ва ҳама саросар амалиёти Кабирӣ, аъзои ин ҳизби харобиовар ва низомиёни ватанфурӯши дар атрофи Назарзода гирдомадаро маҳкум мекунанд.

Мо ҳанӯз ҳам дар зери таъсири вохӯрии самимона ва хотирмони Президенти Љумњурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муњтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён, устодон ва  донишмандони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар Рӯзи Дониш, якуми сентябри соли 2015 баргузор гардид, қарор дорем. Мо чун ҳама мардуми Кӯлоби бостонӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон дар бунёди устувори заминаи моддї-техникии донишгоҳ, фароҳам овардани фазои шоистаи илму дониш, бунёди бинои бошукӯҳи баландошёнаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, зебову обод гаштани шаҳру деҳотамон, ба таври умда рушду инкишофи босуръати кишвар сипосгузору шукргузор мебошем. Мо ҳама якдилона бо як иродаи қавию устувор изҳор медорем, ки на танҳо дар донишгоҳ ва факултаҳои он, балки кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо даъвати худ ба ҳамшаҳриён, падидаҳои ифротгароии диниро, ки бар зидди давлати ҳуқуқбунёди дунявии тоҷикон нигаронида шудааст, роҳ надиҳем ва баҳри пешгирӣ аз паҳн гаштани андешаҳои тундравонаву ифротгароёнаи диниву мазҳабӣ чораҳои қатъӣ андешем. Барои татбиқи ин тасмими гирифтаамон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудаанд ва мо дар ҳамроҳӣ бо фаъолони шаҳр, ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ин кори некро ҷорӣ мекунем.

Ҳамчун идомадиҳандагони ҳадафҳои волои Президенти Љумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон таълиму тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, нигаҳбонии арзишҳои фарҳанги инсондӯстии миллӣ ва умумиҷаҳонӣ ва илму фарҳангпарварӣ таъмин намуда, ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистони азизамон талошу кӯшишҳои пайгирона менамоем.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code