Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ

Шомилшудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ зуҳуроти номатлуб ва ташвишоваре, ки имрўз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сўи торикиву зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу восита шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурўҳҳои ҷангҷўю тундрав мебошанд, ки имрўз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ қайд  менамоянд: «Барои бартараф намудани андешаю гумонҳои нораво, бо падидаҳои тундравӣ, ифротгароӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерўҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд».

Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад ҳам созанда бошаду ҳам сўзанда. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ», ки маргталабон анҷом медиҳанд, таассуби динӣ мебошад. Бояд таъкид дошт, ки  ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад.

Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри 21 аз вазифаҳои мубрами илму фарҳанги дунявии муосир маҳсуб мешавад.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code