САЛАФИЯ, ҲИЗБУТТАҲРИР-ТАФРИҚАИ БУЗУРГ ДАР ИСЛОМ

       Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, таѓйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ѓасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

         Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷўӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷўиву харобакориро пеша карданд? Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

         Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

          Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориѓболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

         Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

         Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омўзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

                                                 Ҳизбуттаҳрир, чиро таҳрир мекунад?

         Албатта, дар чаҳорчўбаи як мақола фаро гирифтан ва таҳқиқ кардани таърих ва идеологияи тамоми созмонҳо ва ҳаракатҳои муосири диниву сиёсӣ аз имкон берун аст. Аз ҳамин сабаб, мо дар  ин мақола, дар навбати аввал, ба таври мухтасар созмонҳо ва ҳаракатҳоеро аз назари таҳқиқ мегузаронем, ки онҳо барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар кишварҳои муосири минтақаи Осиёи Марказӣ як падидаи наву ноошно ва хатарнок мебошанд. Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва  Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд.

        Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро – омили нахустини бўҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки ин омил ҳанўз дар нахустин асри исломӣ, аниқтараш, пас аз реҳлати Паёмбари дини мубини ислом, дар давраи хулафои рошидин зуҳур намуда, баъдан торафт шиддат гирифтааст ва  дар замони муосир низ яке аз  монеаҳои асосии пешрафти кишварҳои исломӣ ба шумор меравад.

         Дар ин мақола  чанде аз созмонҳо ва ҳаракатҳои нисбатан фаъол ва густаришёфтаро ба таври мухтасар аз назар мегузаронем, ки ба масъалаи асосии мавриди назари мо – таҳаввули вазъи дину диндорӣ ва муносибати дин бо давлат дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошўравии Осиёи Марказӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ нақш бозидаанд.

         Яке аз ин гуна ҳаракатҳо – Ҳизб ут-Таҳрир ал-Исломӣ (Ҳизби Озодии Исломӣ) мебошад. Ҳизби Таҳрир ташкилоти диниву сиёсии суннимазҳаб мебошад, ки онро соли 1953 дар Доруссалом қозӣ Тақиуддин ан-Набхонӣ таъсис додааст.Ҳадафи Ҳизби Таҳрир – мусоидат кардан ба бозгашти мусулмонон ба тарзи ҳаёти исломӣ ва бо роҳи ҷиҳод дар чаҳон густариш додани дини ислом мебошад.

                                                Салафия роҳ ба қафо

          Дигар ҳаракати бунёдгароёна ва дар ҷаҳони исломӣ хеле густурда – Салафия мебошад. Дар тамоми давраи мавҷудияти ин ҳаракат ба он бештар диндорон ва олимоне шомил мешуданд, ки онҳо ҷонибдори рў овардан ба исломи ибтидоӣ ва тарзи зиндагии роиҷ дар замони салаф, яъне замони хулафои рошидин буданд. Салафиён ҳамаи унсурҳо, навгониҳо, расму ойинҳоеро,ки баъд аз он замон дар ҳаёт ва фарҳанги Ҷомеаи исломӣ пайдо шудаанд, аз истифодаи усули таъвил дар тафсири Қуръон сар карда то унсур ва падидаҳои наверо,ки натиҷаи равобити фарҳангӣ байни олами ислом ва Ѓарб мебошанд – ҳамаи инро бидъат мешуморанд ва комилан рад мекунанд.

         Вожаи салаф («пешина», «пешгузашта») дар маънои асливу маъмулии худ ҳангоме мавриди истифода қарор мегирад, ки агар зарурият барои нишон додани таносуби байни ду ё зиёда давраҳои таърихӣ пайдо шавад. Дар чунин маврид вожаи салаф давраеро ифода мекунад, ки аз дигар давраҳои мавриди назар қаблан ҷараён доштааст. Аз ҷумлаи намояндагони асримиёнагии  ин ҳаракат Ибни Ҳанбал, Шофеӣ ва Ибни Таймияро ном бурдан мумкин аст.

        Таълимоти асосии Салафия – эътиқод ба офаридгори ягона мебошад. Салафиҳо поксозии ислом аз ҳар гуна унсурҳои аз нуқтаи назарашон бидъатнамо ва барои ислом бегонаро, ки бо вижагиҳои фарҳангиву этникии халқиятҳои мусулмон алоқаманд мебошанд, вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд.

          Созмонҳо ва ҳаракатҳое, ки зикр кардем, барои мардуми мусулмони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои собиқ шуравии манотиқи Осиёи Миёна ва Қафқоз бегона ва ноошно мебошанд. Дар замони шўравӣ барои пайдоиши чунин ҳаракатҳо заминае вуҷуд надошт. Танҳо баъди аз ҳам пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ба вуҷуд омадани як навъ халои ѓоявӣ дар фазои пасошўравӣ, бархе аз созмонҳо ва ҳаракатҳои муосири динӣ, мисли Ихвон-ул-муслимин, Салафия, Ҳизби Таҳрир, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва монанди онҳо даҳҳо фирқаҳову Ҷараёнҳои дигари исломӣ, насронӣ, буддоӣ, яҳудӣ ва ѓайра, ки ҳар кадом ѓаразҳо ва нақшаҳои барои арзишҳо милливу давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва ё мухолифро думболагирӣ мекарданд, аз вазъи муташанниҷи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои  пасошўравӣ истифода намуда, кўшиданд то барои густариши доманаи фаъолияти худ дар минақаи мазкур ҷойгоҳ ва такягоҳе пайдо намоянд.  Метавон гуфт, дар оѓози давраи истиқлолият, омилҳое вуҷуд доштанд, ки барои густариши бемамониати бархе аз ҳаракатҳои иртиҷоиву экстремистии диниву сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби Таҳрир, Салафия ва Ҷамоати Таблиѓ ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамуданд. Муборизаи сиёсии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои гуногун, ки дар ҳар яки ин кишварҳо ба назар мерасид, инчунин мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва зарурияти ҳалли бетаъхири онҳо ҳукуматҳои миллии кишварҳои минтақаро ба худ машѓул дошта,   ба онҳо барои пешгирӣ кардани таъсири  омилҳои беруна ба вазъи геополитикии минтақа имкон намедод.  Ана ҳамин вазъият барои аз кишварҳои хориҷӣ ба минтақа ворид шудани ҳар гуна созмон ва ҳаракатҳои диниву сиёсӣ, мисли Ҳизби Таҳрир, Салафия ва Ҷамоати Ансоруллоҳ ва то як муддати муайян ба фаъолияти иртиҷоиву экстремистӣ машѓул шудани онҳо имконият фароҳам овард.

        Дар Тоҷикистон аз миёни ин ҳаракатаҳо алалхусус Салафия густариш ёфта буд. Хушбахтона, ҳушёрии сиёсӣ ва заковати баланди давлатҳои миллии кишварҳои минтақа нақшаҳои ѓаразноки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро барбод дод. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, баъди паси сар шудани низоъҳо ва истиқрори сулҳу амният, бо ибтикори ҳукумати кишвар ва дастгирии мардуми шарифи тоҷик,  чораҳои қонуние андешида ва татбиқ карда шуданд, ки барои ҳаракатҳо ва тамоюлоти ифротиву эктремистӣ дар кишвари мо ҷое боқӣ намегузоранд.

Азиза Маҳмудова, донишҷўӣ

Донишкадаи идоракунии давлати назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code