САФИ   ИФРОТГАРОЁН  ДАР ҚУБОДИЁН АФЗУДААСТ

          Дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён, гуфтанд, ки ҳарчанд сафари ҷавонон ба “Давлати Исломӣ” коҳиш ёфтааст, вале онҳо аз деҳаи Қизилнишон, ки аз ҳама бештар ҷавонони ифротиро ба миён овардааст нигарон ҳастанд. Қизилнишон, ки деҳаи узбакнишине дар ҷамоати “20 солагии Истиқлол” аст солҳои 2012 беш аз 10 нафар ҷавононаш ба ҳаракати исломии Узбакистон пайваста зиндонӣ шудаанд, ҳоло 13 нафар дар ҷангҳои Сурия қарор доштаанд. Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфт, ки ҳоло 74 нафар ҷавонон аз ин ноҳия ифротӣ ҳастанд, ки мақомот алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.  Онҳо берун аз кишвар бар зидди режими Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия меҷанганд.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки деҳаи Қизилнишон, ки ҳоло номи тоҷикӣ Навбаҳорро гирифтааст онҳоро ба ташвиш овардааст, ки зери назорати нерўҳои амниятӣ қарор дорад ва талош доранд, ки хатари ифротгароиро ба узбакзабонҳои ҳамин деҳа, ки забони тоҷикиро хуб намедонад ба забони узбакӣ фаҳмонанд. Дар ноҳияи Қубодиён хонаводае ҳаст, ки чаҳор нафараш дар Сурия буда, вале се нафар занони ҳамин хонавода, ки қасти рафтан ба Сурияро доштанд дар роҳи расидан ба Туркия боздошт шуданд ва ҳоло зиндонӣ ҳастанд. Мақомот мегуяд, ки сафари ҷавонон ба Сурия ва ифротгароӣ дар миёни ҷавонон баъди талошҳо ва корҳои фарҳмондадиҳӣ коҳиш ёфтааст, вале дастикам 200 нафар сокини вилояти Хатлон дар ҷангҳои Сурия, Афғонистону Покистон қарор доранд.

Дар маҷмўъ аз Қубодиён 74 нафар дар феҳрасти “афроди ифротӣ” ворид шудааст. Аксари онҳо дар ҷангҳои Сурия қарор доранд, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо ба Сурия ба хотири пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” якбора чанд узви як оила сафар кардаанд. Чор узви як оила ва се узви оилаи дигар аз Қубодиён ба ҳангоми кўшиши ворид шудан ба Сурия дар марзи Туркия боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Ҷавонони тоҷик, хусусан Хатлониҳо, ки дар Сурия ҳастанд ҳануз хатар ё мавзуи доғ барои чомеъаи кунунӣ боқӣ мондаанд. Ҷавононе, ки дар пайгард ҳастанд ва ё онҳое, ки номашон дар руйхати мақомоти амният қарор дораду аз Сурия садо баланд мекунад метавонад барои ҷавонони дигар хатар эҷод кунанд, яъне метавонанд аз оромӣ истифода бурда, талоше барои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ кунанд. Бояд дар ҳама ҳолат мақомот кор кунад, ки ҷавонон ва наврасон хатари терроризм ва пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъро донанд. Пеш аз ҳама шуғли муносибе барои ҷавонон бояд пайдо кард, ки дар зодгоҳашон саргарми кор бошанд. Ҷавононе, ки дар Хатлон равонаи зиндон мешаванд, салафиҳо, онҳое, ки дар роҳ ба сўи Сурия боздошт ва равонаи зиндон шудаанд бояд дар зиндонҳо низ дар назорат бошанд, чун агар дар зиндонҳо бо дигар нафарони зиндонӣ ҳамсуҳбат бошанд метавонанд онҳоро низ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ даъват созанд, ба таъбире агар дар берун як ифротӣ бошад дар дохили маҳбас панҷто мешавад.  Мақомот дар баробари огоҳсозӣ аз хатари пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бояд барои ҷавоне, ки аз муҳоҷират бармегарданд ё баъди хатми мактаби миёна ё Донишгоху омузишгоҳҳои касбӣ, ҷойи кор ва шуғле биофарад, ақалан толорҳои варзишие бошад, ки ройгон онҳо онҷо тамрин кунанд ва саргармӣ дошта бошанд, ки онҳо ифротӣ нашаванд, чун як омили пайвастан ба ҳизбҳои манўъ бекории онҳо мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code