Либоси миллӣ муаррифгари миллат

Либос як ҷузъи фарҳангӣ миллӣ ва муаррифгари миллат дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон ва бархурди тамаддунҳо ба ҳисоб меравад.

Агар ба саифаҳои таърих назар афканем   сарчашмаҳои таърихи оид ба либосҳои аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муарихони юнонӣ ва хитоӣ далелҳои зиёд оварда шудааст, ки ин либос ҳам шинам ва зебост. Далели гуфтаҳои болозикр бозёфтҳои бостоншиносон суратҳои руйи деворҳо ва тасвиротӣ руйи санг шаҳодат медиҳад, ки ниёкони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихшиносон дорои намудҳои гуногуни либос ва лавозимоти ороишиву зебу зиннати миллӣ буданд.

Расму оинҳои гузаштагонро пос доштан, арҷгузори ба фарҳанги миллӣ ин нишонаи ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии ҳар як фард дар ҷомеа мебошад. Вале имрўз баъзе аз ҷавонондухтарон тақлид ба мардуми хориҷа карда, либсоҳоеро дар бозору кучаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ба бар менамоянд, ки ба фарҳанги миллии мо тоҷикон бегона аст. Ҳамаги инро мебинем ва медонем, ки ин тақлиди ҷавондухтарони замони феълӣ куркурона мебошад. Агар ин қишри ҷомеа гуяд, ки ин муд аст, хато менамоянд, зеро эҳёгари муди миллӣ аз таърих ва тамаддуни чандинҳазорсолаи халқи тоҷик башорат медиҳад ва мо имрўз бояд либоси миллии худро муд созем ва ба ҷаҳониён бори дигар нишон диҳем, ки либоси миллии мо аз ҳама либсоҳои мардуми шарқу ғарб зебо  ва шинам мебошад.

Дар ягон давру замон зани тоҷик либоси сиёҳро дар ягон маърака ҳатто дар рўзи азодорӣ истифода накардааст. Вале имрўз бо таъсири баъзе ҷавононписарон, ҷавондухтарон бо ингуна либосҳои сиёҳ гуё сатр ҳаст вориди муассисаҳои олӣ ва дигар идораю ташкилот мегарданд.

Таърих шоҳид аст, ки мардуми мо бо матонату мардонагӣ, далерию шуҷоат ва аз ҳама муҳим фарҳангӣ оламшумулӣ худ дар ҷаҳон мақому манзалати хос дошт ва дорад.

Мо низ бояд дар навбати худ дар хона ва ҷойҳои ҷаъмиятӣ  фарҳанги миллии либоспушии худро ҷорӣ намоем ва нагузорем, ки он гуруҳҳои ифроти бо ин роҳу восита ақидаҳои худро дар миёни ҷавонон паҳн созанд, ки як роҳи ба тераризм ва экстремизм ҷалб намудани табақаи ҷавони ҷомеа ҳамин аст.

Хонандаи азизу гиромӣ ва хеле закии ҳафтавори «Кулябская правда» ту шоҳидӣ, ки ин ҳафтавор дар муаррифии фарҳангу тамаддуни ин миллат солҳост, ки дар ин масъала пешоҳанг аст. Дар ин самт дастгирии Шумо ба нафъи ҷомеа ва эҳёи либоси миллӣ хоҳад буд.

 

Насриддинзода Р.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code