Илм ва ҷаҳони муосир

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бартани ту ҷавшан аст.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳар як суханрониҳои худ пайваста таъкид менамояд, ки ҷавонон бояд аз илмҳои муосир бархурдор бошанд, зеро дониш аз шоҳсутуни ҳувиятсоз буда, иносонро ба мақсудҳои худ мерасонад. Миллати тоҷик аз қадим бо илму маърифати волои худ дар дунё шуҳрат дошт ва соҳибмартабаю соҳибманзалат гардидааст.

Дар ҷаҳони муосир бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқу илмӣ мебошад, ки барои пешрафти ҷаҳони инсонӣ нақши асоси ва ҳалкунанда дорад. Агар ба таърихи фарҳанги башарӣ бо таҳқиқ нигарем хоҳем дарёфт, ки он ҳамвора вобаста аз вазъи зиндагӣ ва мушкилоти вуҷудиаш ду роҳи ҳалро пешниҳод кардааст, яке бо роҳи дарки дурусти воқеият онро таҳлил, баррасӣ ва чораандеши намудааст.

Дигаре чун бороҳи ақлу хирад ҳалли масъала ба он даст надодааст, роҳи имону эътиқодро пешгирифтааст. Яъне яке шинохтӣ дурусти воқеи ва дигаре шинохти зеҳнию тахаюлиро пешгирифтааст, аммо дар маҷуми аксари мушкилоти башарро шинохти дурусту воқеи тавонистааст ҳал намояд.

Ҷаҳони имрўзаро бепешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд, зеро тамоми кишварҳое, ки имрўз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа пайванди ба пешрафти илму маориф ва техникаю технологияро доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон шароити муносиберо дар самти омузиши илмҳои муосир фароҳам овардааст, ки ин бешак метавон як дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат мебошад, зеро Сарвари давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дошта, дар ҳама маврид моро кўмак менамояд.

Махсусан бунёди муассисаҳои таълимии миёна, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо ва таъмини онҳо бо техналогияи муосири корӣ аз дастовардҳои муҳими замони истӣқлолият аст, ки мо ҷавонон ин иқдомҳои Пешвои миллат рўҳбаланду ифтихормандем. Масалан дар шаҳри Кўлоб бо иштироки Пешвои миллат бинои боҳашамати Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба истифода дода шуда, дорои тамоми шароити муносиби таҳсил мебошад. Ҳамчунин барои бунёди бинои донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб Пешвои миллат санги асос гузошт, ки мо ҷавонони шаҳри Кўлоб аз ин ғамхории падаронаи Роҳбари давалт миннатдорем ва ҳеҷгоҳ ин амалӣ шоистаи Пешвои хуирадёфтаро фаромушт нахоҳем кард.

Мо имрўз аз илми муосир бархурдорем, зеро тамоми шароитро барои мо ҷавонон Пешвои миллат муҳайё сохтаанд.

Зи дониш шавад кори гетӣ ба  соз,

Ба бедониши кор гардад дароз

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code