Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ бадтар аст…

Инсон!  Ин вожаест барои ҳама ошно. Ҳамин инсон аст, ки ҷамъиятро пеш мебарад ва   онро ба қафо мезанад. Пас, мо наметавонем ҳама гуна шахсро чун инсони комил тасаввур намоем. Барои инсони комил шудан моро мебояд ҳар лаҳза дар ҷустуҷўи илму фарҳанг, ва маданияти хеш бошем. Ва инсони комил бояд аз домони модар танҳо барои сўхтан баҳри халқ, Ватан, сухан, маънавият, яъне тамомият ва якпорчагии миллати худ зода шавад.

Устод Садриддин Айни тоҷиконро «як қувваи бузург мехонд» ва бузургии ононро бо офаринишҳои манзуму мансур ва пажуҳишҳои илмӣ собит мекард. Ва мо баъди ў ба бузургии ин халқ бузургии тозаеро бояд зам намоем. Ва бузургони гузаштаи мо ҳамчун мардони поксиришт ва ҷонфидоёни арсаи тамаддуну фарҳанги тоҷик оқибатҳои ҷангҳои хонумонсузро  бо сухтани китобҳо, ба тороҷрафтани сарватҳо, ба фалак дуд кашидани оҳи миллати тоҷикро дар мероси гаронбаҳои худ бос узу гудоз ба тасвир овардаанд.

Веле, сад афсус, имрўз ҷомеаи моро як фасодие  ғасб карда истодааст, ки на танҳо ҷавонони раҳгумзадаро, балки бархе аз кордонону сиёсатмадоронро ба доми худ кашида истодааст. Душманони миллати мо аз ақли худи мо истифода карда истодаанд. Онҳо пеш аз ҳама ба воситаи дини ислом мехоҳанд шарикони худро зиёд кунанд. Дар либоси ислом даромада, нияти нопоки худро амалӣ месозанд.

Агар назаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ кунем, дарк хоҳем кард, ки озодӣ чисту, ободӣ чист. Исмрўз ҳазорон ҳазор нафар аз гурезагон дар мамлакатҳои бегона ранҷи гурезагӣ кашида истодаанд ва садҳо нафари дигар дар доми марганд. Мо бояд аз ин гуна ҳодисаҳо ибрат гирем, чуноне, ки устод Рўдакӣ фармудаанд:

Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,

Низ н-омўзад зӣ ҳеҷ омўзгор.

         Ин аст, ки панду андарзҳои ҷаҳоншумули Рўдакиву Фирдавсӣ, Мавлавию Саъдию Ҳофиз ва садҳо бузургони дигарро, ки ба мову шумо андарз медиҳанд, ки соҳиби худ бошед, марзу буми худро ҳимоятгар бошем, бояд сармашқи кори худ кунем.

         Ҳодисаҳои чанд ҳафта пештараи дар Тоҷикистон рух дода шаҳодати он аст, ки ҳоло ҳам мо намедонем Ватан чӣ асту мусулмонӣ чӣ аст. Зеро обод кардани Ватан аз нигоҳи ислом мавқеи махсус дорад, яъне ватандорӣ аз гўшаи эмондорист. Ва боз ҳам рў меорем ба давлатҳои ҷаҳон, вазъи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию  маданияти онҳо, то ки ин давлатҳо дар кадом сатҳ қарор доранд. Дар нтиҷаи таҳлилҳо муайян мешавад, ки аксарияти давлатҳое, ки дар онҳо ҷангу хунрезианд давлатҳои мусулмонианд. Ин ҷо максади ман гунаҳгор будани дини ислом нест,балки инсонҳоест, ки ба воситаи ин дини пок, яъне ба боварии бархе аз мардум  даромада, билохир, онҳоро пайрави худ месозанд. Ва ин амали онҳо номи дини исломро дар ҷаҳон доғдор мекунад. Вале дар асл инҳо дил доранду муҳаббати Худоро не. Вобаста ба ин гуна шахсон Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

                   Шабе пеши Худо бигристам зор,

                   Мусалмонон чаро хоранду зоранд?

                   Нидо омад:  – намедонӣ, ки ин қавм,

                   Диле доранду маҳбубе надоранд.

         Мехоҳам ин нуқтаро биафзоям, ки дар радифи сулҳу суббот ҷангу хунрезӣ оини ҷавонмардӣ нест. Мо имрўз аз рўдбори беғубори истиқлолияит об мехурем ва ин ҳам оини ҷавомардӣ нест, ки курдилӣ, курбоварӣ, куримонӣ, курботинӣ ва ғайра рўи кор ояду  бародар хуни бародарро резад:

                   Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ бадтар аст,

                   Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.

         Банда бештари вақт суханони бо дарду ранҷ гуфтаи мардумонро дар бораи ҷанги бародаркуш (1992) шунида, бар ин ҳама мусибате, ки бар сари мардуми мо омадааст, аз он меандешидам, ки чаро мо он вақт соҳиби худ набудем, аз худу фарҳанги худ ифтихор намекардем ва аз омўхтаҳои таърих сабақ намеомўзем. Вале ман оҳи гарони синасузе мекашам, аммо чи кунам, ки дар воқеияти имрўз бархе аз ҷавонон чунон аст, ки ҳаст.

         Чун аз таърих огаҳ ҳастем тоҷикон як умр рў ба рў бо душманони хеш муборизаи беамон бурдаанд ва ба силоҳи донишу ҳунар онро посух гуфта, илоҷ меҷустанд. Ба сарбаландӣ метавон гуфт, ки мо – тоҷикон дар муборизҳои сохти ҳазорсола дар давраҳои гуногун оқибат ба пирўзӣ мушараф  гаштаем. Ҳамчунин дар ҳувияти худ устувор монда, охируламр ғолиб мегаштем, ки ба рўи мо аз фарҳанги тозае дарҳо мекушод. Сабаби ин ҳама сохтагонӣ ва умрдарозии таърихии инсон аст, ки  аз зулми душманони даҳшатангез зинда мондаанд ва фарҳангу забон ва миллати хешро ҳифз намудаанд. Ва набояд, ки ин мероси бо ҷон харидаи бузургонро бо кирдорҳои ғаразонаи худ аз даст диҳем.

         Дар замони истиқлолият мо ҷавонони хушбахтро месазад, ки мисли мурғи самандар  эҳё шуда, ба фазои матлабу мақсади баландтаре боли парвоз кушоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code