«Тента Кўлоб» ба кор шурўъ мекунад.

   Бо ибтикори роҳбарияти  шаҳри Кӯлоб корхонаи  Тента Кӯлоб, ки ба коркарди нахи пахта машғул аст, ба кор оғоз мекунад.   Корхонаи мазкур тули се сол аз фаъолият боз монда буд. Акнун он аз  тарафи як соҳибкори Хитоӣ  ба иҷора гирифта шуда аст. Айни замон дар корхона корҳои таъмирӣ  рафта истодааст. Бояд қайд кард, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  8 корхонаи хурду бузурги коркарди пахта фаъолият дошта, се сол боз  ҳар кадоми онҳо пахтаи худро  ҳамчун ашёи хом ба фурӯш мебароранд.  Ин имкон медиҳад, ки минбаъд пахта коркард карда шуда, дар шакли  нахи тайёр ба фуруш бароварда шавад.

Бинобар  иттилои мудири бахши саноат, энергетика, ва нақлиёту коммуникатсияи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Икром Исматов корхона моҳи майи соли 2018 бо иқтидори пурра ба кор шуруъ намуда, зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони  шаҳри Кӯлобро ба ҷойи кор таъмин менамояд.                

                 Дилором Файзовамутахассиси пешбари  бахши бойгонӣматбуотии шаҳри  Кӯлоб  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code