Аслӣ беҳтар аст ё сунъӣ?

          

  Аз давраҳои қадим шаҳри Кӯлоб ҳамчун маркази ҳунарҳо шинохта шуда аст. Ҳунармандони Кӯлобӣ ҳунарҳои гуногуни миллиро  ҳифз намуда, аз насл ба насл мерос гузошта омада истодаанд.

  Хушбахтона ҳунархои қадимаи ниёгонамон то замони мо омада расидаанд. Дар бозорҳои шаҳр  раставу  дӯконҳои  алоҳидаи ҳунармандон мавҷуданд, ки  дар онҳо ҳунармандон маҳсулоти худро  ба фурӯш гузоштаанд. Баъзан мушоҳида мегардад, ки  ҳунармандон як қисм кори боқимондаи худро дар бозор иҷро мекунанд. Масалан ҳоло дар бозори шаҳри Кӯлоб растаи заргарон, ҷомаву тоқифурушон, гаҳвораву сандуқсозон, қошуқу табақфурушон   мавҷуд аст, ки ҳунармандон дар растаҳои  алоҳида  ҳунарҳои худро ба савдо гузоштаанд.

Зиёда аз садҳо хонавода ҳунарҳои худро ба бозор оварда рӯз мегузаронанд. Баъзан тоҷирону миёнаравон низ маҳсулотҳои ҳунармандонро харидорӣ карда ба савдо мегузоранд. Ҳунармандоне, ки ба оҳангарӣ машғуланд, маҳсулотҳои оҳангарии худ, аз қабили каланду дос, фонаву табарҳои гуногунро  барои бастани ҳайвонҳои хонагӣ сохта ба истифода медиҳанд. Мутаассифона солҳои охир маҳсулотҳои аз оҳан омодашуда, аз қабили  табару досҳои  чинӣ ҷойи маҳсулоти ҳунармандони маҳаллиро танг карда гирифта аст. Аммо онҳое, ки бо досу табар  сару кор доранд, хуб медонанд, ки қувватнокии досу табари   бобоӣ аз маҳсулотҳои чинӣ беҳтару бештар аст.

Ҳунармандони оҳангар   нозукиҳои ҳунари худро ба шогирдону фарзандон ба мерос гузоранд ҳам аз сабаби надоштани бозори фуруш  ин ҳунарҳо оҳиста оҳиста ба нобудӣ расида истодаанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид ва дар ҳамин замина ҳунармандоне,  ки дар хона ба ҳунармандӣ машғул мешаванд, аз андоз озод карда шуданд. Ин имконияти хеле хуб ҳунармандонро барои боз ҳам рушд додани ҳунарашон ҳавасманд мегардонад. Ҳунари чакандузии мардуми Кӯлоб  таърихи хеле қадима дорад.

Ҳоло дар бозор намудҳои гуногуни бардеворӣ, тагсариҳои арӯсӣ, тоқиҳои занонаву мардонаро дучор омадан мумкин аст, ки аз ҳунари волои мардуми Кӯлоб шаҳодат медиҳад. Бозори ин маҳсулотҳо солҳои охир рушду равнақ ёфта истодааст, зеро куртаву тоқии чакан дар ҳар як чорабинӣ  истифода мешаваду ба аксари меҳмонони дохиливу хориҷӣ тоқиву куртаи чакан ҳадя мегардад. Имрӯзҳо ҷойи ҳунари устоҳои кӯлобиро, ки сари ҳар қадам ба фуруши найу думра, дафу таблак  машғул буданд, найҳои пласмасии чинӣ ва дафу дабалҳои хориҷӣ гирифтааст. Ин ҳам дарди байр аст. Як ашёи дигар, ки дар гаҳвораи тифлон истифода мекунем, дигар аз чубу най сохта намешавад, зеро ҷойи онро пластмасса гирифтааст.

Гумон дорам, ки  ҳунармандони халқиро   зарур аст, ки ҳунарашонро  ба талаботи замони муосир мутобиқ намуда, маҳсулотҳое тайёр кунанд, ки  дар ҳақиқат ҷавогӯи талаботи бозор бошанд. Оҳиста- оҳиста мардум дарк мекунанд, ки маҳсулоти натуралии омодакардаи ҳунармандонамон  садҳо маротиба аз маҳсулоти  сунъӣ беҳтару безарартар мебошанд.                                                                    

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code