Сада. Кӯлоб 28.01.2018

    Санаи 28 январи соли 2018 ҷашни Сада дар шаҳри Кӯлоб бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид. Дар богӣ фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб намоиш- фуруши ниҳолҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда баргузор гардид. Ҳамчунин бахшида ба эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунармандони шаҳру деҳот, дастовардҳои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло сокинони шаҳри Кӯлоб ро бо иди Сада табрик гуфт. Сипас ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангии мукаммалро пешкаши иштирокдорони намоиш намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code