Санаи 24 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати корӣ доир гардид.

     Ҷаласаро раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок маънидод кард. Иштрокдорони машварат оид ба бурду бохти соҳаи маориф ибрози ақида намуданд. Асосан дар машварати мазкур оид ба духти либосҳои мактабӣ ва таъмири муасисаҳои таълимӣ диқкати ҷиддӣ дода шуд.

        Дар асоси супоришҳои дода шуда амри раиси шаҳр аз 22 январи соли 2018, таҳти №15 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳхои корӣ» ба тасвиб расид. Директорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ ба воситаи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша вазифадор карда шуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки корхонаҳои саноатии шаҳр ҷиҳати дӯхти сару либосҳои мактабӣ чораҳои заруриро амалӣ карда истодаанд.

       Истеҳсоли маҳсулотҳои дӯзандагӣ дар шаҳр 7,8 маротиба нисбат ба соли гузашта зиёд гардида, дар шаҳр 3 корхонаи дузандагӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Мунаввара»-М, ҶДММ «Фабрикаи пойафзол» ва 5 коргоҳи дӯзандагӣ барои таъмини сару либоси мактабӣ ва дигар хизматрасониҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои мазкур бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2017 шартномаҳои тарафайн баста, аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 6270 адад либосҳои мактабӣ дархост гардида, барои духти он маблағи 672 ҳазор сомонӣ пешпардохт карда шуд. Тибқи шартномаҳои тарафайн ҶДММ «Кооператор» 5170 адад, ҶММ «Мунавара»-М 900 адад, ҶДММ «Фабрикаи пойафзол» 100 адад ва ҶДММ «Миҷгон» 100 адад мактаббачагонро бо либосҳои мактабии истеҳсоли худӣ таъмин намуданд.

         Раиси шаҳр, муҳтарам Хайрулло Амонулло таъкид намуд, ки агар дар самти духти либосҳои мактабӣ аз тарафи Раёсати маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ диққати бештар зоҳир гардад, ин ба корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ имконият медиҳад, ки ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуда дар ин замина ҷойҳои нави корӣ бештар карда шавад. Масъалаи ҳалталаби асосӣ дар самтӣ духти либосҳои мактабӣ ин норасоии кадрҳои либосдузӣ (бахусус кастюми мардона) мебошад.

       Ба иттилоои роҳбари корхонаи «Кооператор» Гулсунбӣ Иброҳимова ба корхона онҳо ҳафтаи равон аз Ҷумҳурии Қирғизистон мутахассисон даъват карда мешаванд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дар назди худ вазифа гузоштанд, ки нақшаи дар пеш истодаро пурра таъмин намоянд.

                                                                                                                             Сулаймон Султон

                                                                                                                              Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code