Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ба ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқи мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёхӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 соли сайёхӣ эълон карда шуд.

Ҳунарҳои қадима дар Кӯлоби имрӯза аз ҷониби ворисони гузаштагони ҳунарманди закӣ идома ёфта, ба шакли нав пешкаши мардум карда мешавад. Чакандӯзони кӯлобӣ ин ҳунари мардумиро дар тамоми олам шуҳратёр карда, чаканро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ кардаанд. Дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Валиев Зариф ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» фаъолият менамояд, ки ба он 50-нафар ҳунармандон ҷалб гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ширкати «Чакан» дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди чакан нуфузу обрӯи зиёде дорад. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб 2 бино аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба 2 нафар соҳибкор ҷудо гардида, 45 нафар занон ва духтарони хонанишин ба ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ мебахшанд.

Дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ 20- нафар занон таҳти роҳбарии Хосият Розиқова ба чакандӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аллакай маҳсули дастранҷи онҳо дар намоишгоҳҳои сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Аслан дар ин коргоҳи хурди дӯзандагӣ духтарон ва занони хонанишин ҷалб гардидаанд. Дар маҳаллаи Розия Абдушукурова таҳти роҳбарии Боронов Муродалӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис ёфтааст, ки занону духтарон ба чакандӯзӣ ва зардӯзӣ машғуланд. Соҳибкор тасмим дорад, ки дар ин коргоҳ як дастгоҳи қолинбофӣ, 1 дастгоҳи адрасбофӣ ва 1 дастгоҳи атласбофиро насб намояд. Дар ҳоли ҳозир 25-нафар чеварон ба корҳои дастӣ, аз ҷумла курпачадӯзӣ, чакандӯзӣ,қурогдузӣ ва зардӯзӣ машғуланд. Бо мусоидати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар духтарони шаҳри Кӯлоб ҳунари қолинбофиро дар шаҳри Душанбе аз худ намуда, барои омӯзонидани ҷавонони маҳаллӣ сафарбар шудаанд. Айни ҳол дар маҳаллаи Тамошотеппа ҳунарманди чирадаст Ҳасанова Савронбӣ бо аҳли оилаи худ ба чакандӯзию гулбаст машғул буда, то ин муддат беш аз 30-нафар шогирдонро тарбия кардааст. Дар маҳаллаи Ориёно соҳибкорзан Шайдуллоева Нисо 10 нафар сокинони маҳаллиро ба кори хонагӣ, бахусус чакандузӣ ҷалб намуда, аллакай дар байни мардум шинохта шудааст.

Дар ҷамоати деҳот низ ҳунармандони чакандузу қуроғдӯз амал менамояд, ки ба ин ҳунарҳои зебои миллӣ машғуланд. Бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб зери назорат қарор дошта, тибқи маълумотҳои соли 2017- ум 2835 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеӣ 2031 ҷои корӣ таъсис дода шуд. Дар ин давра 656 нафар расман бе кор ба қайд гирифта шуда, 300 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, бофандагӣ атласу адрасбофӣ, гулӯзӣ, заргарӣ кулолгарӣ, омӯзиши компютер фаро гирифта шуда, баъди омӯзиш соҳиби шоҳодатномаи касбӣ гардида, аз ин шумора 189 нафар ба корҳои хонагӣ машғул буда, 11 нафар дар ташкилоту муассисаҳо бо кор таъмин шуданд.

Дар баробари ин 657 нафар ба тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои гуногунро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардидаанд. Ҳамзамон 905 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла 58 нафар ба воситаи ҷойҳои кори бандшуда (квота) таъмин карда шуда, 56 нафари дигар, аз ҷумла 22 нафар занон бо гирифтани қарзҳои имтиёзноку ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷойи кор шуда, 100 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд, ки нишондиҳандаҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳр дар соли 2017 пурра таъмин гардид. Ба 200 нафар, аз ҷумла 163 нафар баъди адои хизмати ҳарбӣ, 26 нафар баъди муассисаҳои ислоҳотӣ озод шуда, 11 нафар ба охир расидани муҳлати шартнома ба муддати то 3 моҳ кӯмакпулӣ таъин гардида, маблағи 118,2 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд. Дар соли сипаригарида 12 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 113 ташкилоту муассиса иштирок карда, 881 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гардида, 100 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 109 нафар ба кор ва 75 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» таъсис дода, шуда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ду дастгоҳи атласу адрасбофи харидорӣ гардида, барои омӯзиши нозукиҳои атласу адрасбофӣ мутахассисон аз вилояти Суғд даъват карда шудаанд, ки ба 30 нафар занону духтарон ин касбро омӯзонидаанд ва дар маркази мазкур корҳо дар ин самт идома дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сазовор таҷлил намудани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси нақшаи мазкур баргузор намудани як қатор чорабиниҳо аз ҷумла, коференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо ва шӯроҳҳо дар назар дошта шудааст.

                                                                                                          Сулаймон Султон              

                               

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code