Фукбинӣ ва ё сатр моли кист?

Имрӯзҳо пушиши сатри сиёҳ ва ё фукбинӣ дар миёни занону духтарони тоҷик афзуда аст. Сатрпушон ва сатрҳо гуногун буда, яке либоси сиёҳро чунон танг мепушад, ки тамои аъзояшонро ба берун мебарораду, дигаре хеле фарох, сеюмин либоси рангини зеборо дар тақлиди филмҳои туркӣ мепушад. Яъне сатрпушӣ дар миёни занону духтарон авҷ гирифтааст. Яке бо сатр марази худро пинҳон мекунаду дигаре афту башараи хунукашро. Дар телевизори хонаи як дустам фитеаро тамошо мекардем, ки ровии чорабинӣ Орзу Исоев ва ду нафар ҷавони дигар буд, ки нимҷиддию нимшухӣ консерти Нигина Амонкуловаро пеш мебурданд. Дар толоре, ки Нигина суруд мехонд, даҳҳо занони сатрпуш нишаста қафкубӣ мекарданду мерақсиданд. Наворбардори барномаи консертӣ, ки маълум аз ягон шабакаи телевизионӣ набуд, ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ( крупный план) сабт карда нишон медод. Ҳамин тавр ҳар як филми туркӣ, ки аз тарафи ҳунармандони тоҷик тарҷума мешаванд, ҳама тарғибу ташвиқи сатрпушон ва фарҳанги бегонаро миёни аҳолӣ мебошанд.

Ба андешаи баъзе аз шаҳрвандон духтаре, ки сатр ва ё ҳиҷоб мекунад, он хеле бо тамкин, покдоман ва бо иффат аст. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки чаро ин боиффатҳо либоси хеле танг ба бар мекунанд ва намоишкорона аз бозор то ба гулзор сайру гашт менамоянд.

Мақоли хуби халқ аст, ки «Паси коса нимкосае ҳаст» шояд ин тарғиби ҳамон фарҳанги хориҷиён миёни занону бонувони миллати тамаддунофари тоҷик бошад, зеро дар ягон давру замон зани тоҷик маҳз бо либоси сиё ҳ рӯнамоӣ накарда буд.

Суратгирхонаҳо махсус сурати занони сатрпушро гирифта дар лавҳаи рекламавӣ насб мекунанд, касе пишаки онҳоро пишт намегуяд ва агар гуяд ҳам онҳо ношунида мегиранд. Масалан суратгирхонаи назди бахши ҷавонони шаҳри Кӯлобро мо кормандони идеологӣ чандин маротиба таъкид карда бошем ҳам, ҳамоно он сурати зани сатрпуши таблиғотиро канданӣ нест.

Мушоҳидаи дигар ин аст, ки духтарони сатрпуш то дари коллеҷу донишгоҳ сатр мепушанду он ҷо сатрро аз сар мегиранд. Аз донишгоҳу колеҷ баромадан замон, боз хамон сатри худро мепушанд.Савдогарону харидорони сатрпуш дар бозорҳо хеле зиёданд. Агар онҳо се чор нафар шуда харакат кунанд, фикр мекунӣ дар Афғонистони ҷангзадаам.

Бо пушиши сатр занону духтарони тоҷик гуё иффати худро нишон доданӣ мешаванд. Агар шумо мехоҳед дасту пой ва гардану сари худро бипушед , либоси миллии қадимаи тоҷиконро бипушед.

Ҳамагон бонуи аввали Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар канори Пешвои миллат ва фарзандону наберагон ҳини сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳ диданд. Диданд,ки либоси тоҷикӣ, бахусус румоли каҷбастаи тоҷикӣ чи қадар бонуи аввали Ҷумҳуриро зебида буд. Бояд занони тоҷик ана ҳамин румолбандиро тақлид кунанд.

Зани тоҷик ҳеҷ гоҳ на дар азо, на дар мотам ва на дар зиндон чунин либоси сиёҳ намепушид.

Ба андешаи ман воридшавии румолу либосҳои сиёҳ бояд аз тарафи Гумруки Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад. Ҳамзамон аз тарафи Маҷлиси намояндагон бояд Қонуни алоҳида дар бораи либоспушӣ ба тасвиб расад. Ин як намоишкорӣ ва сирф тақлиди дигар миллатҳо ва ё рекламаи фарҳанги бегона дар Ҷумҳурии мо мебошад, зеро ҳеҷ гоҳ зани давлати Туркманистон ё Ҳиндустону Амрико ва Туркияю Аврупо чакану атлас ва ё матоҳхои абрешиму шоҳии тоҷикиро намепушанд пурра либоси миллии худро дар кучаю хиёбон ва барномаҳои телевизионӣ истифода мебаранд. Пас тақлидкории мо хусусан бонувон то ба кай идома меёбад, вақт довар аст инро муайян хоҳад кард.

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code