Имрӯз, дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ёддошт ва гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Ашур Сафар баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил аз тарафи ровӣ меҳмонони аз дуру наздик омада ба ҳозирин шиносо карда шуд.
     Сипас, ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар назди ҳозирин маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Зимни суханронӣ қайд намуд, ки Устод Ашур Сафар ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи мазкур доимо дар маҳфилҳои адабӣ ба донишгоҳ ташриф меоварданд ва гули сарисабади маҳфилҳо буданд. Бо лутфу хушгӯиҳои худ на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар тамоми Тоҷикистон маҳбубияти хосаеро пайдо карда буданд. Бо ашъори пур аз меҳри ватандорию ватандӯстӣ дар дили ҳаводорони каломи мавзун ҷойгузин буданд. Аз хотираҳои шоир якчанд мисол оварданд.
        Муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо низ аз ҳаёту фаъолияти устод ёдоварӣ карда, номгӯи китобҳои таълифёфтаи ӯро қайд намуданд ва дар охири сухан иброз доштанд, устод то рӯзҳои вопасини умр дар шаҳри Кӯлоб зистанд ва Кӯлобро тарк накарданд.
Шоир халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб низ, аз хотираҳои худ дар давоми солҳои бо устод фаъолият карданашонро ёддоварӣ намуда, аз чакидаҳои намакину пур аз ҳазлро ба ҳозирин нақл карданд. Доир ба васфи Устод порчаҳои шеърии худро, ки солҳои қаблӣ ба риштаи назм кашида буданд, бахшиданд.
         Алимуҳаммад Муродӣ – Шоири халқии Тоҷикистон аз хотираҳои худ дар даврони шиносоӣ бо Устод ва лаҳзаҳои хотирмонро нақл карда, доир ба ҳаҷвиёту лутфҳои шоир бо овардани порчаҳои шеърӣ сухани худро анҷом бахшиданд.
        Аз дӯстдорони ашъори шоир Давлати Раҳмониён – ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», низ аз ашъори шоир намунаҳо оварда, хосса шеъри «Ҷома»-ро қироат намуд ва қайд кард, ки ин шеър дар эҷодиёти шоир ҷойгоҳи махсусро доро аст.
      Толиб Луқмон – мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз номи Раёсати ИНТ ҳозиринро шодбош гуфт. Ӯ қайд намуд, ки ғазалиёти шоири шаҳир баландпоя аст ва бо равонию сабки махсус дар дили дӯсторони каломи шеър зудтаъсир аст.
М.Сабурӣ – мудири бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир ба ҷузъиёти ашъори шоир ва такмили тасвири Устод маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
       Ҳотам Асозода – директори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб бо самимияти хос аз ашъору хотираҳои эшон ҳарф гуфта, қайд кард, дили устод Ашур Сафар бо дили ҷомеа метапид. Бо ғаму ғуссаи халқи азизаш ҳамроҳ буд.
       Фарзанди шоир Файзи Ашур, ки бо дуои падар хомабадаст шудааст, бо арзи эҳтиром ба ташкилкунандагони маҳфили мазкур арзи сипос намуд. Инчунин, аз ашъори шоири зинадаёд порчаҳои манзумро ба ҳозирин бахшид.
      Дар ҷамъбаст, каломи савту суруд бо иштироки дастаи ҳаваскорони донишгоҳ бо иштироки сарояндаи хушсалиқа Нурулло Холов ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
 
                                                                                                                                                                            Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP