Форум

Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар даҳаи дуюми моҳи октябри соли равон Форуми  сармоягузорӣ  баргузор мегардад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб масъулини баргузории Форуми сармоягузорӣ буда, барои дар сатҳи баланд ва натиҷаҳои самарабахш доир намудани  Форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Дар Форуми сармоягузорӣ  Шарикони Рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, соҳибкорони  хориҷӣ  даъват гардида, таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ  ҳамчун механизми  татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, имконият ва захираҳои мавҷуда барои ташкили минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ, истифодаи самараноки  иқтидорҳои мавҷуда ва роҳу имкониятҳои саноаткунонии шаҳр, имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

                                              Шуъбаи иқтисод ва савдои  мақомоти

                                         иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

Ифтитоҳи Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар Кӯлоб

Имрӯз, 11 октябр, Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини Сарваризи мамлакат Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сухани ифтитоҳии худ ба иштирокчиён ва кори Анҷуман барору комёбӣ таманно намуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ташкили чунин чорабинӣ, ки ба рушди иқтисодиёти вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ба кор даровардан ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба шуғл ҷалб гардидани захираҳои меҳнатӣ дар минтақа мусоидат менамояд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Нимаи дуюми имрӯз, 11 октябр, ҷаласаи пленарии Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ идома кард.

Барои иштирокчиён филм дар бораи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо чор забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ) намоиш дода шуд.

Сардори раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Изатулло Нуруллозода дар мавзӯи “Иқлими сармягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доир ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои рушди МОИ “Суғд”, МОИ “Данғара”, МОИ “Ишкошим” масъулони ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ Фирдавс Олимзода, Сафаралӣ Тайфуров ва Сураҷ Тоҳирҷонзода маърӯза карданд.

Инчунин намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи “Кедр”, ширкати байналмилалии “Максим”, Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар бораи грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор, фаъолияти ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии фонди соҳибкорӣ, принсипҳои ташаккул ва роҳҳои асосӣ барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар самтҳои имконпазири ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.

Нимаи дуюми рӯз маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҶДММ «Пиштоз Посгард Тоҷикистон», Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҶСК «Такстелеком»-и шаҳри Тюмени Федератсияи Россия баргузор гардид.

Инчунин иштирокчиёни Анҷуман аз Минтақаи озоди иқтисодии навтаъсиси «Кӯлоб», фаъолияти корхонаи истеҳсоли ришта ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб», ҶДММ «Комбинати хоҷагӣ» ва Маҷмааи кишоварзӣ-саноатии «Кӯлоб» дар хоҷагии Мир Саид Алӣ Ҳамадонии минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дидан намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 1 марти соли 2019 дар масоҳати 309 гектар дар намуди саноатию инноватсионӣ таъсис дода шудааст.

Чунин анҷуманҳо бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, бо мақсади ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардидаанд.